Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бишкек ҳангоми бастани "TikTok" бо мушкили техникӣ дучор шудааст


Мақомоти Қирғизистон ҳангоми бастани шабакаи иҷтимоии "TikTok" дар ҳудуди он кишвар бо мушкили техникӣ рӯбарӯ шудаанд.

Дар Бишкек ҳангоми бастани "TikTok" мушкили техникӣ пеш омадааст

Мақомоти Қирғизистон ҳангоми бастани шабакаи иҷтимоии "TikTok" дар ҳудуди он кишвар бо мушкили техникӣ рӯбарӯ шудаанд.

Сардори шуъбаи иттилооти Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон Бектур Иброҳимов ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ин ниҳод бо вуҷуд тасмими худро барои бастани шабака тағйир надодааст.

“Қарори бастани "TikTok" сарфи назар нашудааст. Бояд ин корро Вазорати рушди рақамӣ раҳбарӣ мекард. Аммо мушкилоти техникӣ вуҷуд дорад. Мо барчаспҳоро дар "ТикТок" муайян кардем ва рӯйхатро ба вазорат пешниҳод намудем. Ин кор ҳанӯз ба поён нарасидааст”, - гуфт Иброҳимов.

Вазорати рушди рақамии Қирғизистон то ҳол ин хабарро шарҳ надодааст.

Иброҳимов афзуда, ки гуфтугӯи мақомоти қирғиз бо роҳбарияти "TikTok" идома дорад ва талабҳое ҳам ироа шудааст. Аз ҷумла, талаб шудааст, дастрасӣ ба шабака бидуни сабтином манъ ва маҳдудияти синусолӣ ҷорӣ шавад.

Бастани шабакаи мазкурро Вазорати фарҳанги Қирғизистон пешниҳод кардааст. Дар хадамоти матбуотии вазорат 30 августи имсол гуфтанд, ки ин тасмим баъди омӯзиши муҳтавои шабакаи иҷтимоӣ гирифта шудааст.

Ба гуфтаи масъулони вазорат, шабака барои дастрасӣ ба иттилооте, ки ба саломатӣ ва рушди кӯдакон зарар дорад, маҳдудият ҷорӣ намекунад.

XS
SM
MD
LG