Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳамос" ду гаравгони дигарро озод кард. Байден шарти оташбасро гуфт. ВИДЕО


Шохаи низомии Ҳаракати муқовимати исломӣ ё "Ҳамос" дар Фаластин мегӯяд, ин гурӯҳ ду гаравгони дигари занро озод кард.

Ба гузориши расонаҳои байнулмилалӣ, Абу Убайда, сухангӯйи ин гурӯҳ гуфт, озодии ду тан бо миёнравии Қатар ва Миср сурат гирифт.

Сухангӯи "Ҳамос" изҳор доштааст, ки "тасмим гирифтем, онҳоро ба хотири умури башардӯстона ва вазъияти бади беҳдоштӣ озод кунем, бо вуҷуди он ки душман ҷумъаи гузашта аз гирифтани онҳо худдорӣ кард".

"Шабакаи 12"-и телевизиони Исроил мегӯяд, ин ду гаравгон куҳансол буда, хонаводаи онҳо дар ҷараёни озодиашон қарор гирифтаанд. Хабаргузории давлатии Миср ҳам эълон кардааст, ки гаравгонҳои озодшуда ба гузаргоҳи Рафаҳ дар сарҳади ин кишвар бо Ғазза фиристода шуданд.

Ба гузориши расонаҳо, яке аз ин гаравгонҳо 85-сола ва дигаре 80-сола ҳастанд. Ҳарду шаҳрвандии Исроилро доранд.

Чанд руз пеш низ гурӯҳи "Ҳамос" ду гаравгони занро озод карда буд.

Рӯзи душанбе гузоришҳо дар бораи эҳтимоли озод шудани ҳудуди 50 нафаре, ки дорои душаҳрвандӣ ҳастанд, расонаӣ шуд. Ин афрод дар пайи ҳамлаи рӯзи 7-уми октябри "Ҳамос" ба Ғазза бурда шуданд.

Исроил мегӯяд, тибқи омори охирин гурӯҳҳои фаластинӣ 212 исроилиро рабуда, ба Ғазза бурдаанд.

"Ҳамос" ду гаравгони исроилиро раҳо кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00

Дар ҳамин ҳол, Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи душанбе гуфт, ҳар баҳсе дар бораи оташбас дар Ғазза танҳо вақте метавонад матраҳ бишавад, ки "Ҳамос" ҳамаи гаравгонҳоро озод кунад.

Байден дар як барномаи вижа дар Кохи Сафед дар посух ба ин пурсиш, ки оё аз озодии гаравгонҳо дар ивази оташбас ҳимоят мекунад, гуфт, "аввал бояд гаравгонҳо озод бишаванд, баъд метавонем суҳбат кунем".

Ин изҳороти раиси ҷумҳури Амрико чанд соат пас аз он матраҳ шуд, ки "Ҳамос" ду гаравгони исроилиро озод кард.

Аз замони ҳамлаи "Ҳамос" ба Исроил дар рӯзи 7-уми октябр то кунун аз ҳар ду ҷониб ҳазорон нафар кушта шудаанд.

Ба иттилои вазорати тандурустӣ дар Ғазза, шумораи кушташудаҳои ҷониби фаластинӣ рӯзи душанбеи 23-юми октябр аз 5000 нафар гузашт. Ба иттилои манбаъ, беш аз 2 ҳазор нафари онҳо кӯдакон ва беш аз 1000 тани дигар занон мебошанд.

Исроил ҳам мегӯяд, ки дар пайи ҳамлаи "Ҳамос" 1400 кас кушта шуданд, ки беш аз 300 нафари онҳо низомиён мебошанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG