Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва Русия унвонҳои илмии ҳамдигарро эътироф мекунанд


Вазорати маорифи Русия гуфт, созишномаро бо Тоҷикистон дар бораи эътирофи рутбаву унвонҳои илмӣ ба иҷро даровард.

Вазорати маорифи Русия гуфт, созишномаро бо Тоҷикистон дар бораи эътирофи рутбаву унвонҳои илмӣ ба иҷро даровард.

Дар изҳороти вазорат аз 20-уми октябр омадааст, ин санад барои рушди ҳамкорӣ ва табодули илмии ду кишвар мусоидат мекунад.

Маросими имзои созишнома дар бораи эътирофи унвонҳои илмии донишмандони Русия ва Тоҷикистон 3-юми марти имсол дар Душанбе ва бо иштироки вазирони маорифи ду кишвар Валерий Фалков ва Раҳимҷон Саидзода баргузор гардид.

Ин дар ҳолест, ки мавзӯи унвонҳои илмӣ дар Тоҷикистон дар пасманзари ифшогариҳои пайвастаи вебсайти “Диссернет” баъд аз соли 2018 ҷанҷолбарангез шудааст.

Номи бисёре аз олимону мақомдорони баландпояи амалкунанда дар Тоҷикистон, ки унвонҳои номзади илму докториро бар асоси матнҳои нусхабардоришуда аз корҳои илмии донишмандони дигар, аксар донишмандони рус гирифтанд, ошкор шуд.

Бисёре аз муаллифон дар баробари иттиҳоми асардуздӣ сукутро пеша карданд. Теъдоди каме гуфтанд, ки дар ҳаққи онҳо туҳмат шудааст.

Тоҷикистон ҳашт сол пеш Шӯрои олии диссертатсионии худро таъсис дод, ки ҷудо аз ВАК ё Кумисюни олии аттестатсионии Русия рисолаҳои илмии олимони тоҷикро арзёбӣ ва ба онҳо унвонҳои илмӣ медиҳад. Дар ин муддат бештар аз 1600 нафар унвони илмӣ гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG