Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Қудрат Бобоҷонов иҷозат надодаанд, ки ба Туркия дарояд


Қудрат Бобоҷонов
Қудрат Бобоҷонов

Мақомоти Туркия рӯзи 19-уми октябр ба рӯзноманигори узбек Қудрат Бобоҷонов иҷоза надодаанд, ки вориди ин кишвар шавад. Ӯ дар Шветсия зиндагӣ мекунад.

Нашрияи "Элтуз", ки Бобоҷонов сармуҳаррири он аст, навишта, ки кормандони фурудгоҳи Истанбул ба рӯзноманигор гуфтаанд, вуруди ӯ ба Туркия манъ мебошад.

Ба нақли Бобоҷонов, марзбонони турк ба ӯ ишора кардаанд, ки ин маҳдудият ба фаъолиятҳои рӯзноманигорияш рабт дорад.

Бобоҷонови 58-сола барои дидани хешовандон ба Туркия рафта буд.

Пештар Туркия ба рӯзноманигори узбекистонии муқими Канада Улуғбек Ашӯр низ иҷозати вуруд надода буд.

XS
SM
MD
LG