Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба ҳафт варзишгари тоҷик хона додаанд


Ба ҳафт варзишгари тоҷик, ки дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Чин соҳиби медал шуданд, дар шаҳри Душанбе хона додаанд.  

Ба ҳафт варзишгари тоҷик, ки дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Чин соҳиби медал шуданд, дар шаҳри Душанбе хона додаанд.

Расонаҳои давлатӣ гузориш доданд, ки хонаҳоро Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари президенти Тоҷикистон, рӯзи 19-уми октябр ба варзишгарон супурд. Манбаи харидани хонаҳо гуфта нашудааст.

Ба Сомон Маҳмадбеков ва Давлат Болтаев хонаи сеҳуҷраӣ, ба Темур Раҳимов манзили дуҳуҷраӣ ва ба Беҳрӯзи Хоҷазода, Хайрандеш Муродзода, Ҳақназар Назаров ва Миҷгона Самадова манзили якҳуҷраӣ доданд.

Ба варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоу нишони тило гирифтанд, инчунин, 150 ҳазор сомонӣ ҷоизаи президенти Тоҷикистон, ба барандагони нишони нуқра 100 ҳазор сомонӣ ва ба соҳибони нишони биринҷӣ 50 ҳазор сомонӣ супурда мешавад.

Бозиҳои 19-уми осиёӣ аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр дар шаҳри Хангжоуи Чин бо ҳузури беш аз 10 ҳазор варзишгар аз 45 кишвар баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG