Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Қирғизистон Адахан Мадумаровро озод накард


Адахон Мадумаров дар додгоҳ
Адахон Мадумаров дар додгоҳ

Дар Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 18-уми октябр баррасии парвандаи вакили порлумони он кишвар Адахон Мадумаров барпо шуд.

Ҷаласаи аввали додгоҳӣ пушти дарҳои баста доир шуд, зеро парвандаи Мадумаров муҳри махфӣ дорад.

Олга Жукова, вакили мудофеи Мадумаров аз додгоҳ хост, ӯро аз ҳабси пешакӣ озод кунад. Додгоҳ ин дархостро қонеъ накард.

Мадумаровро рӯзи 2-юми сентябр неруҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон дар шаҳри Бишкек боздошт карданд. Бегоҳи он рӯз додгоҳ ӯро то 24-уми октябр ба ҳасби пешакӣ гирифт.

Вакили мудофеъ Гуляна Убалиева гуфт, ки сиёсатмадорро дар "хиёнат ба давлат" гумонбар медонанд. Вай тасдиқ кард, ки парванда ба санади марбут ба қитъаи Торт-Кочо дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон рабт дорад. Адахан Мадумаров дар замони котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон буданаш дар соли 2009 ин санадро бо ҷониби Тоҷикистон имзо карда буд.

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон тасдиқ кард, ки нисбати Мадумаров бо моддаи "Хиёнат ба давлат" айб эълом шудааст.

Мадумаров ҳамзамон вакили порлумон аст. Моҳи июни соли ҷорӣ вакилони порлумон иҷоза дода буданд, ки вай ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб шавад.

XS
SM
MD
LG