Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории даҳҳо корманди гумруки Қирғизистон


Қамчӣ Колбоев 4-уми октябр кушта шуд
Қамчӣ Колбоев 4-уми октябр кушта шуд

Ҳудуди 50 корманди Хадамоти гумруки Қирғизистон барои робита бо соҳибнуфузи кушташудаи олами ҷиноӣ Қамчӣ Колбоев ва муовини пешини раиси хадамот Райимбек Матраимов, ки дар фасодкорӣ айбдор шуда буд, барканор гаштаанд.

Хадамоти матбуотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) иттилоъ дода, ки ин афрод бо Колбоев ва Матраимов робита дошта, фармонҳои дохилиидоравиро поймол кардаанд.

Манбаъ афзуда, ки муайян кардани дастандаркорони дигар идома дорад.

Қамчӣ Колбоев рӯзи 4-уми октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ва дар ҷараёни амалиёти махсус кушта шуд. КДАМ Қирғизистон гуфт, Колбоев муқобилияти мусаллаҳона нишон дода ва дар натиҷа кушта шудааст.

ИМА соли 2012 Қамчӣ Колбоевро ҳамчун яке аз калонтарин қочоқчиёни маводи мухаддир дар паҳнои шӯравии пешин шомили "рӯйхати сиёҳ" карда буд.

Раимбек Матраимов солҳои 2015-2017 муовини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон буд. Ному насаби вай борҳо дар таҳқиқотҳои рӯзноманигории марбут ба низоми фасодолуди мақомоти гумруки Қирғизистон зикр шудааст.

Моҳи октябри соли 2020 Матраимовро дар фасодкорӣ дар мақомоти гумрук айбдор карданд. Вай 1 млрд 400 млн сом пули нақд ва дар ҳаҷми 600 млн сом ба давлат амвол пардохт. Матраимов дар додгоҳ айбро эътироф кард ва бо пардохти 260 ҳазор сом ҷарима озод шуд.

XS
SM
MD
LG