Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ зодаи Узбекистон дар Исроил кушта шудааст


Сафорати Узбекистон дар Исроил, кушта шудани шаҳрвандони ин кишварро дар натиҷаи ҳамлаи гуруҳи фаластиниии "Ҳамос" рад кард.

Ба иттилои сафорат, дар натиҷаи ҳамла панҷ зодаи Узбекистон кушта шудааст, вале онҳо шаҳрвандии ин кишварро надоштанд.

Қаблан канали телеграмии Вазорати умури хориҷии Исроил хабар дода буд, ки дар натиҷаи ҳамлаи "Ҳамос" шаҳрвандони Узбекистон ҳам ҷон бохтаанд.

Вазорат гуфт, се узбекистонӣ кушта ва чаҳор тани дигар бедарак шудааст. Ба иттилои мақомоти Исроил, ҷамъан дар натиҷаи ҳамлаҳо 148 хориҷӣ кушта ва 143 тани дигар бедарак гаштааст.

Субҳи 7-уми октябр баъди ҳамлаи неруҳои "Ҳамос" ба чанд минтақаи Исроил, миёни ду тараф ҷанги нав сар зад.

XS
SM
MD
LG