Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон қоидаи будубоши хориҷиҳоро тағйир дод


Вазорати умури хориҷии Қирғизистон қоидаи будубоши шаҳрвандони хориҷиро, ки метавонистанд, бе раводид (виза) дар он кишвар ба сар баранд, тағйир дод.

Ин тасмим дар асоси муқаррароте гирифта шудааст, ки Девони вазирони Қирғизистон 10-уми октябри имсол ба имзо расонид.

Тибқи муқаррарот, таҷрибаи ба истилоҳ "Visa Run", ки шаҳрвандони хориҷӣ баъди ба поён расидани муҳлати будубоши бе раводид марзро убур карда, дубора ба кишвар ворид мешуданд, қатъ шуд.

Акнун онҳо баъд аз ба поён расидани 60 рӯзи будубоши бе раводид Қирғизистонро тарк карда, танҳо баъд аз 60 рӯз метавонанд дубора ба ин кишвар сафар кунанд.

Шаҳрвандони кишварҳое, ки метавонанд бе раводид то 90 рӯз дар Қирғизистон ба сар баранд, дар сурати ба поён расидани ин муҳлат танҳо пас аз 90 рӯз метавонанд дубора вориди он кишвар шаванд.

XS
SM
MD
LG