Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил аз Амрико $10 млрд. кумаки изтирорӣ хостааст


Исроил аз Амрико дархост кардааст, ки дар ҳаҷми 10 миллиард доллар ба Тел-Авив кумаки изтирорӣ кунад. Дар ин бора The New York Times дар такя ба се мансабдор иттилоъ додааст.

Қаблан гуфта шуд, ки Кохи сафед тасмим дорад, лоиҳаи қонуни кумак ба Исроил ва Украинаро дар ҳаҷми камтар - 2 миллиард доллар бо Конгресс мувофиқа намояд.

Вазири молияи ИМА Ҷанет Йеллен ахиран гуфта буд, ки иқтисоди Амрико тавони кумак ба ду кишварро дар як вақт дорад, зеро низои Исроил бо гуруҳи фаластинии “Ҳамос” ба субот дар Ховари Миёна хатар дорад. Ба гуфтаи ӯ, Вашингтон кумак ба Украинаро ҳам идома медиҳад.

The New York Times навиштааст, ки конгрессменҳо интиқоли лавозимоти ҷангӣ, аз ҷумла мушакҳо барои низоми дифои ҳавоии “Железный купол”-ро ба Исроил баррасӣ доранд.

XS
SM
MD
LG