Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Украина гуфтанд, ду чархболи Русияро сарнагун кардаанд


Нерӯҳои Украина гуфтанд, дар ҳамлаҳои мушакӣ ба фурудгоҳҳои низомӣ дар қисматҳои ишғолшудаи вилоятҳои Донетск ва Запорожйе таҷҳизоту муҳиммоти Русияро нобуд карданд.

Ситоди кулли нерӯҳои Украина рӯзи 17-уми октябр гуфт, ду чархболи Русия, як анбори муҳиммот ва як тӯпхонаро аз байн бурд.

Маркази иртибототи стратегии нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар баёнияи ҷудогона дар Телеграм навишт, ба чархболҳои Русия дар наздикии шаҳрҳои ишғолшудаи Луҳанск (вилояти Донетск) ва Бердянск (вилояти Запорожйе) зарба заданд.

Сергей Аксенов, волии дастнишондаи Маскав дар Қрими ишғолшудаи Украина, мегӯяд, нерӯҳои дифои ҳавоии Русия ҳашт ҳавопаймои бесарнишини украиниро сарнагун карданд.

Ҳамла ба нимҷазира, ба гуфтаи ӯ, шабона сурат гирифт. Украина изҳороти Аксеновро шарҳ надод.

Дар ҳамин ҳол, Русия бори дигар бо мушаку ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Украина зарба задааст.

Иҳор Мороз, раиси маъмурияти низомии Донетск, рӯзи 17-уми октябр гуфт, дар тирборони Русия дар шабонарӯзи гузашта камаш ду ғайринизомӣ дар Первомайский кушта, як нафари дигар захмӣ шуд.

XS
SM
MD
LG