Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 100 қазоқистонӣ хостори хуруҷ аз Исроил шуданд


Бештар аз 100 қазоқистонӣ, ки дар Исроил қарор доранд, аз сафорати Қазоқистон дар Исроил хостаанд, ки барои ба хориҷ рафтан ба онҳо кӯмак расонанд. Дар ин бора Ойбек Смадияров, намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон рӯзи 16 октябр хабар дод.

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, бино ба иттилои охирин 67 шаҳрванди Қазоқистон, ки ҳамроҳ бо аъзои хонаводаашон ба бештар аз 100 мерасанд, дар навори Ғазза қарор доранд. Дар бораи маргу мири шаҳрвандони Қазоқистон иттилое нарасидааст, гуфтанд дар вазорат.
"Сафорати мо талош дорад, ки шаҳрвандони Қазоқистон ва аъзои оилашон аз навори Ғазза ба Миср гузаранд", - гуфт Ойбек Смадияров.

Вай афзуд, рӯзи 15 октябр 19 шаҳрванди Қазоқистон бо мусоидати дипломатҳои қазоқистонӣ тавонистаанд, ки Исроилро тарк кунанд.

Ҳафтаи гузашта бо ҳавопаймои махсусе 166 мусофир аз Исроил ба Қазоқистон оварда шуд, ки 124 тани онҳо шаҳрвандони Қазоқистон буданд.

XS
SM
MD
LG