Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ба Чин рафт


Владимир Путин ва Си Ҷинпин.
Владимир Путин ва Си Ҷинпин.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи сешанбе барои мулоқот бо Си Ҷинпин, президенти Чин ва иштирок дар нишасте, ки ахбори он дар зери сояи ҷанги Ҳамос ва Исроил қарор гирифтааст, вориди Чин шуд.

Чин ин ҳафта мизбони намояндагони 130 кишвар барои ҳузур дар нишасте дар чаҳорчӯбаи тарҳи бузурги "Як камарбанд -- як роҳ" аст. Чин аз ин тарҳ барои густариши нуфузи худ дар ҷаҳон истифода мекунад.

Путин дар раъси феҳристи даъватшудао қарор дорад ва интизор меравад, ки рӯзи чаҳоршанбе бо раҳбари Чин мулоқот кунад. Ин нахустин сафари Путин ба яке аз кишварҳои қудратманди ҷаҳон аз замони оғози ҳамлаи низомии Русия ба Украина ба шумор меравад.

Кремл бидуни ишора ба ҷузъиёт гуфтааст, ки Владимир Путин ва Си Ҷинпин дар ин мулоқот дар бораи масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ гуфтугӯ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG