Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии Қирғизистон амалиёти боздошти Колбоевро месанҷад


Қамчӣ Колбоев
Қамчӣ Колбоев

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов амалиёти Кумитаи давлатии амнияи миллии ин кишварро, ки дар натиҷаи он соҳибнуфузи олами ҷиноӣ Қамчӣ Колбоев кушта шуд, шарҳ дод.

Вай дар суҳбат бо хабаргузории расмии "Кабар" гуфт, дар бораи амалиёти мазкур аз Интернет огаҳ шудааст.

"Ман зуд ба додситони кул занг задам, то ҳамроҳи додситони низомӣ ба маҳалли ҳодиса рафта, ба ман маълумоти дақиқ пешниҳод кунад. Ӯ рафта, аз онҷо ба ман занг зад ва гуфт, тирпаронӣ шудааст ва кушташудаҳо низ ҳастанд. Ба додситони низомӣ дастур дода шуд, ки қонунӣ будани амалиётро санҷад. Ҳоло тафтишот идома дорад ва натиҷаи онро мунтазир мемонем", - изҳор доштааст Ҷабборов.

Президенти Қирғизистон афзуда, ки "дар кишварҳои пешрафта мафҳуми олами ҷиноӣ вуҷуд надорад ва он на танҳо ба кори давлат, балки ба кори шаҳрвандону сармоягузорон ҳам таъсири манфӣ мерасонад".

"Давраи авбоширо бояд фаромӯш кард. Ҳоло асри 21 аст ва ҳама чӣ бояд дар асоси қонун бошад", - илова кардааст ӯ.

Қамчӣ Колбоев рӯзи 4-уми октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон, дар ҷараёни амалиёти махсус кушта шуд. Кумитаи давлатии амнияи миллии Қирғизистон гуфт, Колбоев муқобилати мусаллаҳона нишон дода ва дар натиҷа кушта шудааст. Аммо вакили Колбоев ҳарфҳои мақомотро зери шубҳа бурд.

ИМА соли 2012 Қамчӣ Колбоевро ҳамчун яке аз калонтарин қочоқчиёни маводи мухаддир дар паҳнои шӯравии пешин шомили "рӯйхати сиёҳ" карда буд.

XS
SM
MD
LG