Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алиев парчами Озарбойҷонро дар пойтахти Қаробоғ барафрохт


Илҳом Алиев
Илҳом Алиев

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев рӯзи якшанбе парчами Озарбойҷонро дар шаҳри Ханкендӣ (Степанакерт - пойтахти пешини давлати худхондаи Қаробоғи Куҳӣ) барафрохт.

Ба илова, Алиев парчами Озарбойҷонро дар Хоҷалӣ, Агдер ва дигар минтақаҳои аҳолинишини Қаробоғ барафрохт, ки онҳоро Боку баъди амалиёти низомии рӯзи 19-уми сентябр ба ихтиёри худ баргардонида буд.

Ба ин тартиб Озарбойҷон истиқлоли комили худро дар Қаробоғ ба намоиш гузошт.

Бино ба санадҳои байналхалқӣ, Қаробоғ ҷузъе аз Озарбойҷон ба ҳисоб меравад. Аҳолии минтақа асосан армантаборон буданд. Ибтидои солҳои 1990 Боку назорати қисмати бештари минтақаро аз даст дод ва онҷо ҷумҳурии Қаробоғи Куҳӣ эълом шуд, ки ҳеч кишвари дунё онро эътироф накарда буд. Ба ҷуз аз Қаробоғи Куҳӣ, артиши Арманистон ноҳияҳоеро аз Озарбойҷон ғасб карданд, ки шомили Қаробоғ намешуданд.

Рӯзи 19-уми сентябр дар натиҷаи амалиёти якрӯзаи низомӣ Озарбойҷон ҳукумати Қаробоғи Куҳӣ маҷбур шуд, ки аз хотимаи мавҷудияти кишваре бо номи Қаробоғ хабар диҳанд.

Арманитаборон аз тарси таъқиб ба таври дастаҷамъӣ Қаробоғро тарк карданд. Бино ба ҳисобҳои СММ, аз 120 ҳазор сокин дар маҷмуъ ҳудуди 1000 кас дар Қаробоғ боқӣ мондааст.

XS
SM
MD
LG