Ба навиштаи сомонаи UFC, Муҳаммад Наимов дар вазни нимсабук (то 66 кг) бо варзишгари бритониёӣ Натаниэл Вуд рақобат мекунад. Наимов 29 сол дорад ва дар корномаи варзишиаш дар намуди муҳорибаҳои омехта, 12 муҳориба гузаронда, дар 10-тои он ғалаба кардааст. Рақиби ӯ Натаниэл Вуд 30-сола буда, дар корномаи варзишиаш 20 ғалаба ва 5 бохт дорад.
Варзишгари дигари тоҷик Муин Ғафуров дар мусобиқаи UFC 294 бо размкори доғистонӣ Саид Нурмагомедов қувваозмоӣ мекунад. Муин Ғафурови 27-сола дар намуди муҳорибаҳои омехта 24 рақобат гузаронда, дар 19-тои он ғалаба кардааст. Рақиби ӯ Саид Нурмагомедов дар 21 рақобат фақат 3 бор шикаст хӯрдааст. Мутахассисони ММА ин рақобатро барои Муин Ғафуров вазнин пешбинӣ мекунанд.
Муҳаммад Наимов ва Муин Ғафуров моҳи майи имсол бо созмони UFC шартнома бастанд. Ҳардуи ин варзишгар дар ин ташкилоти маъруф дар муҳорибаҳои омехта як сабқатӣ гузарондаанд. Наимов аввалин сабқаташ дар UFC ғалаба карда, аммо Муин Ғафуров шикаст хӯрд.