Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил аз сокинони навори Ғазза хост, ба ҷануби минтақа кӯч банданд


Артиши Исроил аз сокинони шаҳри Ғазза, ки дар шимоли навори Ғазза ҷойгир аст хост, манзилҳои худро тарк кунанд ва "барои таъмини амнияти худ" ба ҷануби минтақа раванд.

"Дар рӯзҳои оянда ТСАХАЛ (артиши Исроил) фаъолиятро дар шаҳри Ғазза идома медиҳад ва талош мекунад, ки ба аҳолии осоишта зарар нарасонад", - омадааст дар хабари артиши Исроил.

Артиши Исроил афзудааст, низомиёни ҲАМОС "дар нақбҳои зери биноҳо ва дохили биноҳои шаҳри Ғазза пинҳон шудаанд" ва сокинонро ҳамчун сипари зинда истифода мекунанд.

Дастури кӯч бастан, ки нисфишабии ҷумъа содир шуд, бештар аз як миллион одам - нисфи аҳолии навори Ғаззаро дар бар мегирад.

Дар посух ба ин дастур ҲАМОС Исроилро дар "ҷанги равонӣ" айбдор ва аз сокинони Ғазза хост, ки манзилҳои худро тарк накунанд.

Хабаргузориҳо менависанд, Исроил рӯзҳои ахир зоҳиран ба амалиёти заминӣ омода шудааст ва қасд дорад, ҲАМОС-ро "комилан маҳв" созад. Бо ин ҳадаф Исроил сарбозу тонку тӯпи худро ба марзи навори Ғазза наздик овардааст.

XS
SM
MD
LG