Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

100 ҳамлаи Русия болои шаҳрҳои украинӣ дар 24 соати гузашта


Беморхонаи ноҳияи Берислав баъди ҳамлаҳои 5-уми октябр
Беморхонаи ноҳияи Берислав баъди ҳамлаҳои 5-уми октябр

Як мақоми украинӣ рӯзи 13 октябр гуфт, Русия зарбаҳо ба Херсонро дар ҷануби Украина вусъат бахшида, танҳо дар 24 соати гузашта кишваро 100 бор ҳадаф қарор дод ва талафоти ҷонию молӣ ба бор овард. Айни замон, ба гуфтаи низомиён, талоши Маскав барои ишғоли Авдииевка, шаҳраке дар шарқи Донетск идома дорад.

Ба гуфтаи волии Херсон Олександр Прокудин, артиши Русия бо истифода аз тӯпхона, тирборон, мушакҳои “Град”, миномёт ва тонку ҳавопаймоҳои бесарнишин ин шаҳрро 49 бор ҳадаф қарор дод. Ба гуфтаи Прокудин, ду нафар кушта ва шаш тани дигар, аз ҷумла як кӯдак, захмӣ шудаанд.

Ӯ гуфт, дар ноҳияи Берислав муассисаҳои таълимию тиббӣ, хонаҳо, биноҳои истиқоматӣ ва як муассисаи саноатӣ хароб карда шуданд. Херсонро нирӯҳои украинӣ як сол пеш қисман озод карданд, вале Русия ҳамоно ин шаҳрро аз болои дарёи Днепр ҳадаф қарор медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, нирӯҳои русӣ ҳамлаҳои худро болои Авдиивка вусъат бахшиданд. Ин ҷо, ба иттилои ситоди кулл, нирӯҳои украинӣ дар 24 соати гузашта аз 20 ҳамла пешгирӣ карданд.

XS
SM
MD
LG