Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил гуфт, қасди аз байн бурдани "Ҳамос"-ро дорад


Роҳбарони гуруҳи "Ҳамос"
Роҳбарони гуруҳи "Ҳамос"

Исроил дар остонаи сафари вазири корҳои хориҷии Амрико ба ин кишвар қавл дод, ки гурӯҳи фаластинии "Ҳамос"-ро пурра аз байн хоҳад бурд. Сафари Энтони Блинкен рӯзи 12-уми октябр дар назар аст.

Вашинтон пешопеши сафари ӯ аз ҳампаймонаш, Исроил, хост, ки дар вокуниш ба ҳамлаи ногаҳонӣ хештандорӣ нишон диҳад. Ҳамлаи “Ҳамос” ба Исроил рӯзи 7-уми октябр сурат гирифт.

Нерӯҳои Исроил то кунун аз кушта шудани зиёда аз 1200 нафар хабар доданд.

Мақомоти Навори Ғазза гуфтанд, ки дар пайи ҳамлаи ҳавоӣ ва тӯпхонаии Исроил беш аз 1200 кас кушта шуд.

Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, дар изҳороти телевизионӣ рӯзи 11-уми октябр ҷангҷӯёнро ба ДОИШ монанд кард ва афзуд, "ҳар узви "Ҳамос"-ро мурда пиндоред".

XS
SM
MD
LG