Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон тасмим гирифтааст, ба чиниҳо сабукӣ диҳад


Парчамҳои Чин ва Қирғизистон
Парчамҳои Чин ва Қирғизистон

Девони вазирони Қирғизистон тасмим гирифтааст, ба шаҳрвандони Чин (Хитой), ки раводид ё визаи Амрико, Бритониё ва Иттиҳоди Аврупоро доранду муҳлати истифодаашон ҳанӯз поён наёфтааст, сабукӣ бидиҳад.

Муовини сарвазир Эдил Байсалов рӯзи 11-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ин гуна афрод иҷоза дода хоҳад шуд, ки бе доштани раводиди Қирғизистон ба ин кишвар сафар кунанд ва як ҳафта бимонанд.

Ба ин қатор сокинони Ҳонконг ва Макао низ дохил мешаванд, вале ин иқдом ҳанӯз аз ҷониби қонунгузорони Қирғизистон тасдиқ нашудааст.

Як моҳ пеш Гурҷистон эълон кард, ки шаҳрвандони Чин метавонанд бе гирифтани раводид ба ин кишвари Қафқози Ҷанубӣ ворид шаванд.

Қазоқистон моҳи августи имсол сафари бидуни раводидро бо Чин тасдиқ кард.

XS
SM
MD
LG