Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон нархи як маҳсулоти воридотӣ аз Қазоқистон гарон шудааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Нархи гази моеъ, ки қариб 60 дарсади ронандагон дар Тоҷикистон аз он истифода мебаранд, боло рафтааст. Агар ду рӯз пеш як литр гази моеъ 6,5 сомонӣ буд, пас рӯзи 11-уми октябр аз нархи он аз 7 сомонӣ гузашт.

Ронандагон мегӯянд, дар баъзе нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ гази моеъ пайдо карда наметавонанд.

Гази моеъ дар қиёс ба бензин арзонтар аст ва аз ин рӯ бештари ронандагон дар Тоҷикистон аз он истифода мебаранд.

Намояндагони Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гарон шудани гази моеъро ба болои рафтани нархи он дар хориҷа рабт медиҳанд. Гази моеъ ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон оварда мешавад.

Ба иттилои расмӣ, дар нимсолаи аввали соли равон ба кишвар беш аз 450 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст.

Боло рафтани нархи сӯзишворӣ ин шабу рӯз дар баъзе кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон ҳам ба назар мерасад. Аз ҷумла дар Қирғизистон давоми як ҳафтаи ахир нархи бензин боло рафтааст, аммо қимати гази моеъ бетағйир аст.

Сӯзишворӣ дар Тоҷикистон аз он маҳсулоте мебошад, ки тағйирот дар нархи он ба зиндагии мардум таъсири мустақим дорад. Баланд шудани нархи сӯзишворӣ дар гузашта ба баланд шудани роҳкиро ва ҳамин тавр маҳсулоти бозор мерасонад.

XS
SM
MD
LG