Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон фаъоли ёқутистониро бо дархости Русия дастгир кардааст


Пулиси шаҳри Алмаатои Қазоқистон навозанда ва фаъоли маданӣ аз Ёқутистон Айхал Аммосовро бо дархости мақомоти Русия дастгир кардааст.

Канали телеграмии "Orda.kz" бо истинод ба пулиси Алмато иттилоъ дода, ки дар ҳоли ҳозир истирдоди Аммосов ба Русия "дар асоси созишномаҳои байналмилалӣ" баррасӣ мешавад.

Зидди Аммосов бо банди "бадномсозии артиш" парванда боз шудааст, вале он ба гуруҳи ҷиноятҳое, ки гумонбаронашон ба ватан бояд истирдод шаванд, шомил намешавад.

Ҷунбиши истиқлолхоҳи Ёқутистон хабар дода буд, ки Аммосовро рӯзи душанбе шахсони мулкипӯш иҷборан ба мошин савор карда, ба самти номаълум бурдаанд.

Дустони Аммосов дар суҳбат бо расонаи "Sota” гуфтанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон рӯзҳои ахир ба ӯ “таваҷҷуҳ зоҳир” карда буданд.

Айхал Аммосов яке аз фаъолони Ҷунбиши истиқлолхоҳи Ёқутистон аст. Ӯ зидди ҳамлаи низомии Русия ба Украина баромад мекард. Вай баъди таъқибҳои мақомоти рус соли 2022 ба Қазоқистон фирор карда буд.

XS
SM
MD
LG