Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блогер ва фаъоли қирғизистонӣ Адилет Болтабой боздошт шуд


Адилет Болтабой. Акс аз бойгонӣ.
Адилет Болтабой. Акс аз бойгонӣ.

Фаъоли маданӣ ва блогери қирғизистонӣ Адилет Алӣ Миктибек, маъруф ба Адилет Болтабой боздошт шудааст.

Ҳамсари блогер Гулкайир Жапарова, гуфт, шавҳарашро маъмурони Кумитаи амнияти Қирғизистон дастгир карданд.

"Ман наметавонам фаҳмам, ки ӯро ба куҷо бурданд. Телефонаш хомӯш аст", - изҳор дошт Жапарова 10 октябр дар сӯҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон то ҳол ин хабарро шарҳ надодааст.

Адилет Болтабой охирҳои моҳи июни соли 2022 дастгир шуда буд. Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек вайро дар даъват ба бетартибиҳои оммавӣ айбдор донист ва 5 сол зиндонӣ кард, вале ӯ дертар шартан аз зиндон озод шуд.

Додгоҳе дар Бишкек моҳи январи имсол қарорро бекор ва фаъоли маданиро дубора ба зиндон фиристод. Аммо Додгоҳи олии Қирғизистон ин қарорро бекор ва ҳукми шартан аз зиндон озод шудани Болтабойро барқарор кард.

XS
SM
MD
LG