Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон ба Афғонистон кумаки башардӯстона фиристод


Паёмадҳои зилзила дар Ҳирот.
Паёмадҳои зилзила дар Ҳирот.

Узбекистон 10 октябр ба шаҳрвандони зарардидаи Афғонистон аз заминларза ҳудуди 100 тонна кумаки башардӯстона фиристодааст.

Вазорати нақлиёти Узбекистон хабар дода, ки кумак таҳти раҳбарии фиристодаи махсуси президенти Узбекистон дар Афғонистон ирсол гаштааст.

Он аз орд, донагӣ, равған, маҳсулоти гуштӣ, биринҷ, шакар иборат аст. Ҳамчунин хайма, болопӯш ва лавозимот барои ёрии аввалияи тиббӣ ҳам фиристода шудааст.

Кумакҳоро ҳавопаймои борбари "Boeing-747"-и ширкати ҳавопаймоии "My Freighter" ба Афғонистон расондааст.

Заминларза рӯзи 7-уми октябр дар вилояти Ҳирот рӯй дод. Бино ба охирин хабарҳо, заминларза ҷони 2445 касро рабудааст. Хисороти зилзилаи маргбор дар Ҳироти Афғонистон бо ин хатм намешавад. Ҷустуҷӯйи ҷасадҳо ҳанӯз идома дорад ва сафи захмиёну муҳтоҷон низ меафзояд.

XS
SM
MD
LG