Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон чанд масҷиду мадрасаро дар минтақаи марзӣ бо Тоҷикистон баст


Яке аз масҷидҳое ки баста шуд
Яке аз масҷидҳое ки баста шуд

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, 32 масҷид ва панҷ мадрасаро дар вилояти Бодканди ҳаммарз бо Тоҷикистон баст. Тасмим рӯзи 10-уми октябр эълом шуд.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ навишт, ки мақомот кори масҷиду мадрасаҳоро бар пояи хулосаи як кумисюни вижа манъ кардаанд. Ҳамчунин ба масъулони 55 масҷид ва шаш мадраса дар Бодканд ба иттиҳоми нақзи қонуни озодии виҷдон, талаботи меъмориву бинокорӣ, беҳдоштӣ ва амнияти техникиву сӯхтор огоҳӣ додаанд.

Дар вилояти Уш кори 39 масҷид ва 21 муассисаи таълимӣ боздошта шуд. Кумисюн дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон 60 масҷидеро ошкор карда, ки ғайриқонунӣ фаъолият доштанд.

Идораи муфтиёти Қирғизистон дар моҳи августи имсол гуфта буд, ки масҷиду мадрасаҳоро дар пойтахт, шаҳри Бишкек, ҳам месанҷанд, аммо то ҳанӯз дар бораи натиҷаҳои он иттилое нест.

XS
SM
MD
LG