Ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба Навори Ғаза, ки сахттарин ҳамлаи ин кишвар дар таърих гуфта мешавад, идома дорад. Сокинон дар ҷустуҷӯи паноҳгоҳ аз тиру тӯп мегурезанд.
Мақомоти Фаластин гуфтанд, рӯзи душанбе дар ҳамлаи ҳавоии Исроил ба урдугоҳи Ҷабалия даҳҳо нафар, аз ҷумла занону кӯдакон кушта шуданд. Ба иттилои онҳо, то кунун дар ҳамлаҳо 700 нафар ҷон доданд ва 120 ҳазор кас дар мактабу ноҳияҳои дигари Ғазза панаҳ бурдаанд. Теъдоди кушташудаҳо дар Исроил наздики 900 нафар гуфта мешавад.
Иброҳим Нофал, сокини Ҷабалия ба хабарнигорон гуфт, “беш аз чор хона дар ноҳияи Ал-Транси Ҷабалия хароб шуданд. Зиёда аз 50-60 нафар ҳалок шуданд. Талафот хеле зиёд, харобкориҳои беҳисоб. Ё Худо, онҳо одамонро берун мебароранд.”
Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:
Баъди зарбаҳои сахту чандсоатаи ҳавоии Исроил, гуруҳи "Ҳамос" эълон кард, ки дар ивази ҳар бомбе, ки Исроил бе огоҳӣ меандозад, як асири исроилиро мекушанд.
Исроил ҳам баъди пурқурбонитарин ҳамла дар 50 соли ахир, таконзада аст. Рӯзи якшанбе дар як ҷашнвораи мусиқӣ дар ин ҷо беш аз 260 ҷавон кушта шуданд. Неруҳои "Ҳамос" 130 каси дигарро гаравгон гирифта ба Ғазза бурдаанд.
Ади Майзели 21-сола, яке аз онҳост. Модари ӯ дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, дар охирин тамоси телефонӣ бо духтараш садои тирпарронӣ шунида мешуд. “Аз он вақт дигар мо намедонем, дар куҷо асту чӣ ҳол дорад. Намедонем, ки зинда ҳаст ё не. Намедонем, ки ӯро касе дуздидааст, ё не. Мо нотавонем”
Исроил эълон кард, ки ҳоло 22 нуқтаи аҳолинишинро, ки "Ҳамос" ғасб карда буданд, батамом зери назорат гирифтааст. Ҳарчанд мақомоти исроилӣ инро рад намекунанд, ки шояд баъзе ҷангиён то ҳол дар қаламрави ин кишвар бошанд. Таҳлилгарон мегӯянд, Исроил барои такрор нашудани ҳодиса бояд сахт талош кунад.
Дэвид Вурмсер, таҳлилгари Ховари Миёна мегӯяд, ҳоло Исроил аз он азият мекашад, ки бо гузашти 48 соати фалокат, аз ҷанг набаромадааст.
"Агар ин кор шавад, ҳам ба сулҳ ва ҳам ба ҷанг дар оянда таъсир мегузорад. Онҳое, ки дар минтақа ҳоло мехоҳанд, бо Исроил сулҳ баста шавад, хуб медонанд, ки Исроил ин ҷо бояд чӣ кор кунад. Кишвар бояд ғалабаи стратегиро дар як сатҳе ноил шавад."
Исроил садҳо ҳазор сарбози захиравиро ба артиш даъват кардааст ва аксарият бар инанд, ки ба наздикӣ ба Ғаза ҳамлаи заминӣ сурат хоҳад гирифт. Мақомоти Исроил мардумро огоҳ кардаанд, ки ба ҷанги ҳадди ақал чанд ҳафтаина омода бошанд. Дар наворҳое, ки расонаҳои ҷаҳонӣ нашр карданд, дида мешавад, ки тонкҳои Исроил дар минтақаҳои ҳаммарз бо Навори Ғазза ҷамъ мешаванд.
Гуфтугӯ