Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили пешини қирғиз ба ташкили гуруҳи ҷиноӣ муттаҳам шуд


Турсунбой Салимов
Турсунбой Салимов

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) 10-уми октябр боздошти вакили пешини порлумон ва молики бозори "Мадина"-и шаҳри Бишкек Турсунбой Салимовро шарҳ дод. КДАМ гуфт, ки Салимов дар "Ташкили гуруҳи ҷиноӣ ва ё иштирок дар он" айбдор мешавад.

Дар КДАМ гуфтанд, рӯзи 4 октябр бо се моддаи ҷиноӣ - "Таъсиси гуруҳи ҷиноӣ ва ё иштирок дар он", "Хариду фурӯши ғайриқонунии силоҳ, муҳимоти ҷангӣ" ва "Сӯиқасд ба куштор" парванда боз кардаанд.

Дар доираи ин тафтишот бештар аз 20 аъзои фаъол ва роҳбарони гуруҳи ҷиноие боздошт шудаанд, ки ба қонунигардонии дороиҳои соҳибнуфузи ҷиноӣ Қамчӣ Колбоев машғул буданд.

"Салимов ба таври доимӣ фаъолияти Колбоев ва гуруҳи ҷиноии ӯро сармоягузорӣ мекард", - хабар додааст КДАМ Қирғизистон.

Ин ниҳод мегӯяд, вакили пешини порлумон дар бархе маврид аз робитаҳояш бо гуруҳи ҷиноӣ барои "тарс додани рақибон ва афроди дигар, бо ҳадафи ғасби тиҷорат ва дороии онҳо, истифода мекард".

Намояндаи соҳибкор Нурлан Ибраимов ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, Салимовро 7 октябр дастгир карданд.

Турсунтойи 67-сола вакили порлумони Қирғизистон, даъвати панҷум буд. Ӯ солҳои 1990-ум бозори "Мадина"-ро дар Бишкек таъсис дода буд. Гуфта мешавад, ӯ қудои соҳибнуфузи олами ҷиноӣ Қамчӣ Колбоев аст, ки 4 октябр дар натиҷаи як амалиёт дар Қирғизистон кушта шуд.

XS
SM
MD
LG