Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дороии Қамчӣ Колбоевро дар Қирғизистон $1 млрд баҳо доданд


Қамчӣ Колбоев рӯзи 4-уми октябри 2023 кушта шуд
Қамчӣ Колбоев рӯзи 4-уми октябри 2023 кушта шуд

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 9-уми октябр аз натиҷаҳои ибтидоии безараргардонии гуруҳи ҷиноии Қамчӣ Колбоев хабар дод.

Ба иттилои КДАМ, бештар аз 40 узв ва роҳбарони гуруҳи ҷиноӣ боздошт шудаанд, ки "ба қонунигардонии дороиҳои аз роҳҳои ғайриқонунӣ ба даст оварда, тамаъҷӯӣ ва дигар ҷиноятҳо машғул буданд".

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, Колбоев "барқасдона ва ҳадафмандона империяи ҷиноӣ сохтааст" ва "фаъолияти ҷиноӣ ба вай имкон дода, ки сарватманд ва бо ҳисоби доллар миллиардер шавад".

КДАМ мегӯяд, дороиҳои ғайриқонунии Колбоев, хешовандонаш ва афроди ба вай наздик ба бештар аз 850 адад мерасад, ки аз манзилҳои гаронбаҳо, қасру кушкҳо, марказҳои истироҳат, тарабхонаҳо, қитъаҳои замин, бештар аз 60 мошини гаронбаҳо ва ғайра иборат аст.

Қамбичек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон аз соҳибкорон даъват кард, ки ба роҳбарони гуруҳҳои ҷиноӣ маблағ надиҳанд.

"Ман ба тоҷирон, сармоягузорони хориҷӣ, соҳибони тарабхонаву бозорҳо муроҷиат мекунам. Агар шумо пештар ба намояндагони олами ҷиноӣ маблағ медодед, ин корро бас кунед. Агар сармоягузории онҳоро идома диҳед, ба ҷавобгарӣ ҷалб мешавед", - навишт Тошиев дар Фейсбук.

Қамчӣ Колбоев рӯзи 4-уми октябр дар ҷараёни амалиёти махсус дар шаҳри Бишкек кушта шуд.

XS
SM
MD
LG