Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Исроил ба 500 мавзеъ дар Навори Ғазза зарба задааст


Артиши Исроил шаби 8 ба 9-уми октябр ба 500 мавзеъ дар Навори Ғазза зарба задааст.

Ба иттилои артиши Исроил, сохторҳои ҳаракати "Ҳамос" ва "Ҷиҳоди исломӣ" мавриди ҳамла қарор гирифтанд.

"Зарбаҳо бидуни таваққуф тамоми шаб идома кардаанд," -- мегӯянд шоҳидон.

Сокинони маҳаллӣ аз тахриби бесобиқаи манзилҳо ва теъдоди зиёди кушташудаҳо хабар медиҳанд.

"Ман аз соли 2007 шоҳиди ҳамаи амалиёти ҷангӣ будам, аммо ҳаргиз чунин ҳодисаро надида будам. Зоҳиран ҳеч хати сурхе мавҷуд нест ва гӯё тамоми навори Ғазза, ҳар кадом бинои он мавриди ҳадаф қарор гирифтааст", - гуфтааст як сокини маҳаллӣ дар суҳбат бо рӯзномаи "Гааретс".

Артиши Исроил мегӯяд, миёни мавзеъҳои мавриди ҳадафаш ҳашт ситоди ҳаракати "Ҳамос", масҷидҳо ва нақбҳое буданд, ки тавассути онҳо ба Ғазза аслиҳа ворид мешуд.

Аз ин пештар Тоҷикистон хоҳони ҳарчи зуд поён додан ба хушунатҳо миёни Исроил ва гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" шуда буд.

XS
SM
MD
LG