Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими оғози интиқоли гази Русия ба Узбекистон


Президентҳои Узбекистон, Қазоқистон ва Русия -- Шавкат Мирзиёев, Қосимҷомарт Тоқаев ва Владимир Путин дар маросими оғози интиқоли гази Русия ба Узбекистон тариқи лӯлаи "Осиёи Марказӣ-Марказ" иштирок карданд. Хадамоти матбуотии Кремл иттилоъ дод, ки маросим онлайн баргузор шуд.

Президентҳои Узбекистон, Қазоқистон ва Русия -- Шавкат Мирзиёев, Қосимҷомарт Тоқаев ва Владимир Путин дар маросими оғози интиқоли гази Русия ба Узбекистон тариқи лӯлаи "Осиёи Марказӣ-Марказ" иштирок карданд. Хадамоти матбуотии Кремл иттилоъ дод, ки маросим онлайн баргузор шуд.

"Узбекистон манбаи иловагии энержӣ дарёфт хоҳад кард, ки таъмини сокинон ва иншооти иҷтимоиро бо гармӣ ва барқ кафолат медиҳад. Қазоқистон ҳам масъалаи бо газ таъмин кардани минтақаҳои шимолӣ ва шарқии худро ҳал хоҳад кард. Русия мақоми содиркунандаи боэътимоди гази табииро ҳифз мекунад", - изҳор доштааст Путин .

Пештар Ширкати "QazaqGaz" хабар дода буд, ки интиқоли гази Русия ба Узбекистон ба воситаи лӯлаи "Осиёи Марказӣ-Марказ" аз моҳи октябри имсол оғоз хоҳад шуд.

Ҳукумати Узбекистон эълом кард, ки барои бурунрафт аз буҳрони энержӣ дар тирамоҳу зимистон мехоҳад, аз Русия газ харад. Вазорати энержии Узбекистон 19-уми июли имсол гуфт, солона аз Русия 2 миллиарду 800 миллион газ хоҳанд харид ва он талаботи кишвар ба газро "қисман рӯйпӯш мекунад". Вале мақомоти узбек намегӯянд, ки бо кадом нарх аз Русия газ мехаранд.

Узбекистон дар миёни кишварҳое, ки ба Чин газ мефурӯшанд, дар мақоми 5-ум қарор дорад. Тибқи иттилои Оҷонси омори Узбекистон, ин кишвар дар шаш моҳи аввали имсол дар умум ба маблағи 278 миллиону 400 ҳазор доллар ба хориҷ гази табиӣ фурӯхтааст.

Тибқи омори расмии Пекин, 73 дарсади гази содиршудаи Узбекистонро дар нимсолаи аввал Чин харидааст. Узбекистон дар моҳи апрели имсол хабар дод, ки содироти газро ба Чин дубора оғоз кард ва дар ин моҳ ба 40,5 миллион доллар ба он кишвар газ фурӯхт.

XS
SM
MD
LG