Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти паҳлавонони тоҷик аз қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон бо як медал


Абубакр Шеров.
Абубакр Шеров.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон, ки рӯзҳои 4-7-уми октябр дар шаҳри Одивеласи Португалия баргузор шуд, бо як медали биринҷӣ баргашт.

Ин медалро паҳлавони 20-солаи тоҷик Абубакр Шеров дар вазни то 73 кило ба даст овард. Ӯ дар даври аввал Руслан Коротичи амрикоӣ, дар даври дувум Габриел Фалкаои бразилӣ, дар даври севум Гергели Адорҷании маҷориро шикаст дода, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Вале Абубакр дар чорякфинал аз Алмат Адилети қазоқ мағлуб шуд.

Баъдан Шеров дар даври тасаллобахш ба Элиот Преве аз Фаронса ғолиб омад ва дар мубориза барои нишони биринҷӣ Кейто Киҳараи ҷопониро шикаст дод.

Дар вазни то 73 кило Вусал Қаландарзода (Озарбойҷон), ки дар даври ниҳоӣ бар Ҷак Ёнезука (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) дастболо шуд, медали тилло гирифт.

Дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ 541 варзишгар (294 мард ва 247 зан) аз 68 кишвар иштирок карданд. Ба ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон нӯҳ варзишгар – Фазлиддин Садриддинзода (-66 кг), Абубакр Шеров (-73 кг), Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (-81 кг), Сайфиддин Сайфиддинзода (-81 кг), Сомон Кишваров (-90 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Парвиз Абдураҳмонов (-100 кг) ва Иброҳимҷон Элмуродов (+100 кг) - шомил буданд.

Аз байни онҳо танҳо Абубакр Шеров медал гирифт. Инчунин Парвиз Абдураҳмонов мақоми панҷумро касб кард.

Ҷавонон дар ҳафт вазн (-60 кг, -66 кг, -73 кг, -81 кг, -90 кг, -100 кг ва +100 кг) ва духтарон низ дар ҳафт вазн (-48 кг, -52 кг, -57 кг, -63 кг, -70 кг, -78 кг ва +78 кг) рақобат намуданд.

Ғолибону ҷоизадорони қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон дар Португалия дар баробари медал бо ҷоизаҳои молӣ қадрдонӣ гардиданд, инчунин ба онҳо дар радабандии ҷаҳонӣ имтиёз дода шуд.

Ёдовар мешавем, Нуралӣ Эмомалӣ, паҳлавони тоҷик, дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон, ки соли гузашта дар шаҳри Гуаякили Эквадор доир шуда буд, дар вазни то 66 кило бо медали тило сарфароз гашт.

Зимнан, дар таърихи ҷудои тоҷик ин дуюмин медали тилло аз қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон ба шумор мерафт. Нахустин медали тиллоро Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кило соли 2019 дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Марокаш ба даст оварда буд

XS
SM
MD
LG