Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷид Таваккулӣ панҷ солро дар "Эвин" хоҳад гузаронд


Маҷид Таваккулӣ, фаъоли сиёсии Эрон, давраи ҳабсашро дар зиндони "Эвин"-и Теҳрон оғоз кард.

Хабаргузории dpa-и Олмон бо такя ба нашрияи "Имтидоди рӯз" аз 7-уми октябр навишт, ки Таваккулӣ бояд панҷ сол онҷо бимонад.

Ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқи башар, Таваккулӣ раҳбар ва фаъоли машҳури донишҷӯён буд.

Ӯ дар гузашта, аз ҷумла дар ҷараёни эътирозҳои саросарӣ дар охири соли 2022, чанд бор дастгир шудааст. Таваккулиро дар аввали имсол ба панҷ сол ҳабс маҳкум карданд.

Ба навиштаи хабаргузории dpa-и Олмон, теъдоди зиёде аз шахсони машҳур ва фаъолони эронӣ ба сабаби изҳороти танқидӣ ё фаъолиятҳояшон ҳадафи қувваи қазоияи Эрон қарор гирифта, ба ҳабс ё ҷазоҳои дигар маҳкум шудаанд.

XS
SM
MD
LG