Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ гуфт, барои ёрӣ ба арманиҳои фирорӣ $97 миллион зарур аст 


Созмони Милал мегӯяд, арманиҳое, ки аз Қаробоғи Кӯҳӣ ба Арманистон фирор кардаанд, ба “ёрии фаврии башарӣ” муҳтоҷанд. 

Барои кумак ба онҳо 97 миллион доллар зарур аст.

Ин пулро Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури гурезагон ва шариконаш ҷустуҷӯ доранд.

Масъулони Комиссариат гуфтанд, нақшаи кумак рӯзи 7-уми октябр омода шуд ва расондани ёриро ба фирориён то ним соли оянда дарбар мегирад.

Ба иттилои манбаъ, 60 созмон, аз ҷумла 43 созмони иҷтимоӣ, дар иҷрои нақша саҳм хоҳанд гузошт.

Даҳҳо ҳазор арманӣ баъд аз амалиёти густардаи Озарбойҷон дар охири моҳи сентябри имсол аз Қаробоғи Кӯҳӣ ба Арманистон гурехтанд.

Ин минтақаи мавриди муноқишаи Арманистону Озарбойҷон ҳоло ба назорати Боку даромадааст. Пештар дар онҷо 120 ҳазор арманӣ мезист.

XS
SM
MD
LG