Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Ҳиндустон


Дастаи мунтахаби футзалиТоҷикистон дар даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «Е» тими Ҳиндустонро бо ҳисоби 6:3 шикаст дод. Дар бозии дигари ин гурӯҳ мунтахаби Мянмар бар тими Фаластин бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «Е» 7-уми октябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе бо ширкати чаҳор дастаи мунтахаби миллӣ - Тоҷикистон, Мянмар, Фаластин ва Ҳиндустон – оғоз ёфт. Дастаҳо барои роҳхат ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё мубориза мебаранд.

Сармураббии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, “мо пеш аз марҳилаи интихобӣ дар се мусобиқа – Ҷоми миллатҳои Араб дар Арабистони Саудӣ, қаҳрамонии CAFA-2023 дар Душанбе ва мусобиқаи байналмилалӣ дар Минск ширкат карда, беш аз даҳ бозӣ анҷом додем. Вазифаи дар назди даста гузошташуда ин баромадан ба қисми ниҳоии мусобиқа мебошад. Итминони комил дорам, ки мо аз уҳдаи вазифа мебароем”.

Дастаи Тоҷикистон дар даври дувуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 бо тими Фаластин бозӣ мекунад. Ин бозӣ рӯзи 9-уми октябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе соати 19:00 шуруъ мешавад.

Бояд гуфт, ғолибони ҳашт гурӯҳ, инчунин ҳафт дастаи нишондодҳояшон хубтари ҷойҳои дувум ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2024, ки аз 15-ум то 26-уми апрели соли оянда дар Тайланд баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Марҳилаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2024

Гурӯҳи «Е»

Тоҷикистон

Мянмар

Фаластин

Ҳиндустон

Даври 1-ум

7-уми октябр (шанбе)

Мянмар – Фаластин – 2:1

Тоҷикистон – Ҳиндустон – 6:3

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «Е»

Ҷ

ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тоҷикистон

1

1

0

0

6-3

3

2.

Мянмар

1

1

0

0

2-1

3

2.

Фаластин

1

0

0

1

1-2

0

4

Ҳиндустон

1

0

0

1

3-6

0

Даври 2-юм

9-уми октябр (душанбе)

16:00 – Ҳиндустон – Мянмар

19:00 – Фаластин – Тоҷикистон

Даври 3-юм

11-уми октябр (чоршанбе)

16:00 – Фаластин – Ҳиндустон

19:00 – Тоҷикистон – Мянмар

XS
SM
MD
LG