Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон медали биринҷӣ гирифт


Абубакр Шеров аз чап дуюм
Абубакр Шеров аз чап дуюм

Абубакр Шеров, паҳлавони тоҷик, дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон, ки дар шаҳри Одивеласи Португалия ҷараён дорад, медали биринҷӣ ба даст овард.

Ин паҳлавони 20-солаи тоҷик дар вазни то 73 кило дар даври аввал Руслан Коротичи амрикоӣ, дар даври дувум Габриел Фалкаои бразилӣ, дар даври севум Гергели Адорҷании маҷориро шикаст дода, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Вале Абубакр дар чорякфинал аз Алмат Адилети қазоқ мағлуб шуд.

Вай дар даври тасаллобахш ба Элиот Преве аз Фаронса ғолиб омад ва дар мубориза барои нишони биринҷӣ Кейто Киҳараи ҷопониро шикаст дод.

Ғолибони вазни -73 кг

1. Вусал Қаландарзода (Озарбойҷон)

2. Ҷак Ёнезука (Амрико)

3. Абубакр Шеров (Тоҷикистон)

3. Муҳаммад Газалоев (Белгия)

Паҳлавони дигари тоҷик Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кило дар даври аввал Абдулло Алиеви қирғиз, дар даври дувум Рикардо Гуерраи мексикоиро мағлуб кард, аммо дар даври севум аз Ҷак Ёнезукаи амрикоӣ шикаст хӯрд.

Қаблан Фазлиддин Садриддинзода дар вазни то 66 кило дар даври аввал аз Энхтур Ҷугдергарави муғул ноком шуда буд.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, ба ҳайати мунтахаби ҷавонони кишвар нӯҳ варзишгар шомиланд, ки боз шаш нафар вориди рақобат мешаванд:

-81 кг - Муҳаммадҷон Абдуҷалилов

-81 кг - Сайфиддин Сайфиддинзода

-90 кг - Сомон Кишваров

-90 кг - Умедҷон Раҷабов

-100 кг - Парвиз Абдураҳмонов

+100 кг - Иброҳимҷон Элмуродов

Дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ 541 варзишгар (294 мард ва 247 зан) аз 68 кишвар иштирок менамоянд.

Ҷавонон дар ҳафт вазн (-60 кг, -66 кг, -73 кг, -81 кг, -90 кг, -100 кг ва +100 кг) ва духтарон низ дар ҳафт вазн (-48 кг, -52 кг, -57 кг, -63 кг, -70 кг, -78 кг ва +78 кг) рақобат мекунанд.

Ғолибону ҷоизадорони қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон дар Португалия дар баробари медал бо ҷоизаҳои молӣ қадрдонӣ мешаванд, инчунин ба онҳо дар радабандии ҷаҳлнӣ имтиёз дода мешавад.

Ёдовар мешавем, Нуралӣ Эмомалӣ, паҳлавони тоҷик, дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон, ки соли гузашта дар шаҳри Гуаякили Эквадор доир шуда буд, дар вазни то 66 кило бо медали тило сарфароз гашт.

Зимнан, дар таърихи ҷудои тоҷик ин дуюмин медали тилло аз қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон ба шумор мерафт. Нахустин медали тиллоро Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кило моҳи октябри соли 2019 дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Марокаш ба даст оварда буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG