Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Олмон чанд мошини Алишер Усмоновро мусодира карданд


Алишер Усмонов.
Алишер Усмонов.

Пулиси Олмон дар чанд иншооти марбут ба олигархи русиягӣ Алишер Усмонов дар шаҳри Баварии он кишвар кофтукоб анҷом додааст.

Дар натиҷаи ин кофтукобҳо чанд мошини гаронбаҳо аз сӯи мақомоти Олмон мусодира шудааст.

Нашрияи Bild менависад, миёни мошинҳои мусодирашуда Mercedes Maybach S500 ҳаст, ки 140 ҳазор евро арзиш дорад. Ҳамчунин Mercedes Brabus мусодира шудааст, ки наздики 180 ҳазор евро арзиш дорад.

Пештар аз ин низ, моҳи сентябри соли 2022, дар Олмон амволи марбут ба Усмоновро кофтукоб карда буданд. Муфаттишон гуфтанд, дар маҷмуъ дар 24 иншооти марбут ба вай кофтукоб сурат гирифта буд. Дар он амалиёт наздики 250 кас иштирок кард.
Усмоновро дар риоя накардани таҳримҳои зидди Русия гумонбар мекунанд: олигархи русиягӣ баъди шомил шудан ба таҳримҳо низ пардохти музди муҳофизонашро дар Олмон идома додааст, ҳарчанд бар асоси таҳримҳо, ҳаққи ин корро надошт.

Алишер Усмонов - яке аз сарватмандтарин афрод дар Русия аст. Бино ба баҳогузории ахири маҷаллаи Форбс дар соли 2022, дороии Усмонов 14,4 млрд евро баҳо дода мешуд. Баъди ҳамлаи густардаи Русия ба Украина Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва Бритониё Усмоновро шомили рӯйхати таҳримҳо карданд.

XS
SM
MD
LG