Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зани "далла" аз Уммон ба Узбекистон истирод шуд


Emberkereskedelem 2
Emberkereskedelem 2

Бюрои миллии Интерполи вазорати корҳои дохилии Узбекистон хабар дод, ки аз шаҳри Маскати Уммон занеро бо гумони тиҷорати одамон боздошт ва ба Узбекистон овардаанд.

Мақомоти Узбекистон гуфтанд, боздошти гумонбар бо кӯмаки мақомоти интизомии Уммон сурат гирифтааст.

Нафари таҳти ҷустуҷӯ соли 2022 "дар якҷоягӣ бо дигарон, бо роҳҳои фиреб, бо ваъдаи даромади зиёд ва зиндагии хуб дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Уммон, занонро ба хориҷ бурдааст".

Баъди расидан ба Уммон, гумонбар шиносномаҳои ҷабрдидаҳоро мусодира карда, онҳоро ба танфурӯшӣ маҷбур мекардааст.

XS
SM
MD
LG