Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар Душанбе доир мегардад


Мунтахаби милии футзали Тоҷикистон.
Мунтахаби милии футзали Тоҷикистон.

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар риштаи футзал дар гурӯҳи «Е» рӯзҳои 7-11-уми октябр дар шаҳри Душанбе бо ширкати чаҳор дастаи мунтахаби миллӣ - Тоҷикистон, Мянмар, Фаластин ва Ҳиндустон - баргузор мешавад. Дастаҳо барои роҳхат ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё мубориза мебаранд.

Мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар даври аввали мусобиқот 7-уми октябр бо дастаи Ҳиндустон бозӣ мекунад. Футзалбозони тоҷик 9-уми октябр дар даври дувум бо мунтахаби Фаластин ва дар даври ниҳоӣ 11-уми октябр бо дастаи Мянмар вориди рақобат мешаванд.

Ҳамаи бозиҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии Душанбе барпо мегарданд.

Бояд гуфт, ғолибони ҳашт гурӯҳ, инчунин ҳафт дастаи нишондодҳояшон хубтари ҷойҳои дувум ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дар риштаи футзал, ки аз 15-ум то 26-уми апрели соли оянда дар Тайланд баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Мусобиқоти интихобии Ҷоми футзали Осиё-2024

Гурӯҳи «Е»

Тоҷикистон

Мянмар

Фаластин

Ҳиндустон

Даври 1-ум

7-уми октябр (шанбе)

16:00 – Мянмар – Фаластин

19:00Тоҷикистон – Ҳиндустон

Даври 2-юм

9-уми октябр (душанбе)

16:00 – Ҳиндустон – Мянмар

19:00 – Фаластин – Тоҷикистон

Даври 3-юм

11-уми октябр (чоршанбе)

16:00 – Фаластин – Ҳиндустон

19:00Тоҷикистон – Мянмар

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG