Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози Арманистон ба боздоштҳо дар Қаробоғи Кӯҳӣ


Қаробоғи Кӯҳӣ дар моҳи сентябри соли 2023 зери назорати Озарбойҷон даромад
Қаробоғи Кӯҳӣ дар моҳи сентябри соли 2023 зери назорати Озарбойҷон даромад

Вазорати корҳои хориҷии Арманистон мақомоти Озарбойҷонро ба боздошти "ғайриқонунии" чанде аз афроди бонуфузи Қаробоғи Кӯҳӣ танқид кард.

Ин минтақаи асосан арманинишин моҳи сентябри имсол дар натиҷаи як амалиёт ба зери итоати Озарбойҷон даромад.

Вазорат рӯзи 4-уми октябр гуфт, нерӯҳои Озарбойҷон то ин дам чанд шахси бонуфузи Қаробоғи Кӯҳӣ, аз ҷумла Рубен Варданянро "ғайриқонунӣ" дастгир кардаанд.

Вазорати умури хориҷии Озарбойҷон изҳороти Ереванро рад намуд.

"Бо вуҷуди музокирот бо намояндагони Қаробоғи Кӯҳӣ; изҳороти мақомоти баландпояи Озарбойҷон дар бораи омодагӣ ба эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқи арманиҳо; монеъ нашудан ба бозгашти онҳо ба Қаробоғи Кӯҳӣ ва истиқрори сулҳ дар минтақа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар ба боздоштҳои худсарона идома медиҳанд," – гуфта шудааст дар изҳороти ВКХ-и Арманистон.

Ин ниҳод дар баёнияаш афзудааст, барои ҳимоят аз ҳуқуқи боздоштшудаҳои Қаробоғи Кӯҳӣ ҳама корро мекунад. Аз ҷумла, ба додгоҳҳои байнулмилалӣ муроҷиат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG