Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозпурсии Раимбек Матраимов


Раимбек Матраимов
Раимбек Матраимов

Муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Раимбек Матраимов рӯзи 4-уми октябр дар Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар бозпурсӣ шуд.

Расонаҳои қирғизистонӣ навиштанд, ки маълум нест Матраимовро дар доираи кадом парванда пурсидаанд.

Пеш аз бозпурсии вай дар ҷараёни як амалиёти махсус Қамчӣ Колбоев, соҳибнуфузи ҷиноии қирғизистонӣ, кушта шуд.

КДАМ-и Қирғизистон гуфт, мехостанд, Колбоевро барои аз худ кардани амволи тоҷирон боздошт кунанд.

Раимбек Матраимов солҳои 2015-2017 муовини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон буд. Ному насаби вай борҳо дар таҳқиқоти вобаста ба низоми фасодолуди мақомоти гумруки Қирғизистон зикр шудааст.

Моҳи октябри соли 2020 Матраимовро ба фасодкорӣ дар мақомоти гумрук муттаҳам карданд.

XS
SM
MD
LG