Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Bloomberg: Нишаст дар бораи Украина дар Туркия мегузарад

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар охири соли ҷорӣ дар шаҳри Истанбули Туркия дидори севуми байнулмилалӣ барои даст ёфтан ба сулҳ дар Украина баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора хабаргузории Bloomberg бо такя ба манобеи худ иттилоъ дод.

Ба навиштаи хабаргузорӣ, иштирокдорони гуфтугӯ сулҳи устуворро дар Украина баррасӣ хоҳанд кард. Интизор меравад, дар ин мулоқот мушовирони амниятҳои миллии кишварҳои гуногун, аз ҷумла Амрико ширкат кунанд.

Русияро ба ин мулоқот даъват накардаанд, ҳамчунон ки ба мулоқоти Данияву Арабистони Саудӣ даъват накарда буданд. Дидор дар Саудиро вазорати корҳои хориҷии Русия "талоши ташкили эътилофи зидди Русия" номида буд.

Украина ва ҳампаймонҳояш талош доранд, кишварҳоеро ба мавқеъгирии зидди хушунати Маскав бовар кунонанд, ки то кунун бетарафӣ изҳор мекунанд. Миёни чунин кишварҳо аз ҷумла Бразилия ва Ҳинд ҳастанд, ки мавқеи худро рӯшан накардаанд.

XS
SM
MD
LG