Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як фаъоли чечен аз Қирғизистон ба Русия истирдод мешавад


Мансур Мовлаев
Мансур Мовлаев

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон фаъоли чеченистонӣ Мансур Мовлаевро ба 6 мо зиндон маҳкум кард. Баъд аз адои ин муҳлат вай ба Русия истирдод хоҳад шуд. Мовлаев ба ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади Қирғизистон гунаҳкор шуд.

Дар бораи ҳукм вакили мудофеи вай Бакит Автандил хабар дод.

"Тавре вакилони ман гуфтанд, омодаи пазируфтани зиндон ҳастам. Ҳарчанд айбномаи ман ҷарима пешбинӣ дорад, вале барои ҳифзи ҳаёт, хоҳиш мекунам, ки маро ду сол зиндон кунед. Ман омодаам, ки барои ҳифзи ҳаёти худ даҳ сол ҳам бошад, дар зиндон шинам", - гуфт Мовлаев дар сухани охираш.

Пештар додситон хоста буд, ки Мовлаевро ба ду сол зиндон маҳкум кунад.

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 21-уми август фаъоли чеченистонӣ Мансур Мовлаевро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта буд.

Ба иттилои мақомоти қудратии Қирғизистон, Мовлаев дар доираи фаъолияти зиддитеррористӣ боздошт шудааст. КДАМ-и Қирғизистон гуфт, боздоштшуда "ҷонибдори идеологияи тундгароёна аст, ки бо дастури роҳбарони созмонҳои байналхалқии террористӣ дар Сурия, шомили гуруҳи террористҳо дар Қирғизистон шудааст."

Ба иттилои КДАМ, "аъзои гуруҳ тасмим доштанд, ки ба шаҳрвандони сарватманди Қирғизистон ҳамла кунанд ва даромади молӣ ба аст оранд".

Шаҳрвандони боздоштшудаи Русия моҳи январи соли 2023 ғайриқонунӣ вориди Қирғизистон шуда ва дар ҳудуди Қирғизистон шиносномаи тақаллубии Русияро истифода кардааст, хабар медиҳад КДАМ.

XS
SM
MD
LG