Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар садамаи автобус дар Венетсия 21 кас фавтид


Дар натиҷаи аз "эстакада" сарозер шудани автобуси сайёҳон дар Венетсия, 21 кас аз ҷумла ду кӯдак фавтида, 10 тани дигар ҷароҳат бардоштааст.

Миёни кушташудаҳо панҷ шаҳрванди Украина низ ҳаст. Бархе аз ҷароҳатбардоштаҳо вазъи бад доранд.

Ба иттилои пешакӣ, автобус аз "эстака" ба роҳи оҳан сарозер шуда, оташ гирифтааст. Тафтишот мегӯяд, эҳтимол дорад, ки вазъи ронанда якбора бад шуда, вай аз уҳдаи идораи автобус набаромадааст.

Сарозер шудани автобус ҳамагӣ чанд дақиқа пеш аз расидан ба нуқтаи ниҳоӣ рух додааст.

XS
SM
MD
LG