Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Маҷлиси намояндагони Амрико барканор шуд


Кевин Маккарти
Кевин Маккарти

Вакилони Маҷлиси намояндагони Амрико 3-уми октябр дар як раъйгирии таърихӣ Кевин Маккартиро аз роҳбарии маҷлис барканор карданд. Ба навиштаи хабаргузории Ройтерс, дар таърихи Амрико бори аввал аст, ки роҳбари ин шохаи қонунгузор ба раъйи вакилон барканор мешавад.

Ба навиштаи Ройтерс, 212 вакил ба тарафдорӣ аз барканории Кевин Маккарти раъй доданд ва 210 намояндаи дигар алайҳи ин иқдом баромад карданд.

Кевин Маккарти аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ аст, ки ҳоло аксарияти курсиҳои Маҷлиси намояндагон дар ихтиёри ин ҳизб аст.

Шӯриш алайҳи Кевин Маккарти бо роҳбарии Мэтт Гетс, вакили ҷумҳурихоҳ аз иёлати Флорида анҷом шуд. Як қисми вакилони ҷумҳурихоҳ Маккартиро ба он муттаҳам мекунанд, ки дар вақти музокира бо давлати Ҷо Байден, барои коҳиши хароҷотҳои будҷа ба андозаи кофӣ талош накардааст.

Маҷлиси намояндагони Амрико 1-уми октябр барои аз кор намондани давлат буҷети муваққатро ба муҳлати 45 рӯз тасдиқ карда буд. Гурӯҳи ҷумҳурихоҳон мехоҳанд хароҷоти дохилӣ ва инчунин пуштибонии ИМА аз Украина дар ҷанги давомдораш бо Русия кам карда шавад.

XS
SM
MD
LG