Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон аз эҳтимоли камчин шудани сӯзишворӣ хабар доданд


Эътилофи воридкунандагони нафти Қирғизистон 3-уми октябр аз сар задани мушкил дар ворид кардани маводи сӯхт тавассути роҳҳои оҳани Қазоқистон изҳори нигаронӣ кард.

Ба иттилои ин эътилоф, шуруъ аз 1-уми сентябр ширкати "Роҳҳои оҳани Қазоқистон" бидуни огоҳӣ ҳамоҳангсозии нақшаи моҳҳонаи ҳамлу нақлро қатъ кардааст.

Дар эътилоф гуфтанд, сабаби чунин тасмимро намедонанд, вале "Роҳҳои оҳани Қазоқистон" тасмим дорад, ки ин мушкилро ба танҳоӣ ҳал кунад. "Аммо айни замон тақрибан ҳамаи дархостҳо барои моҳи октябр аз ҷониби "Роҳҳои оҳани Қазоқистон" рад шудаанд", - гуфтанд дар эътилоф.

Ба иттилои эътилоф, ин ҳолат "метавонад баъд аз 20 рӯз боиси камчинии маводи сӯхт дар Қирғизистон шавад". "Дар робита ба ин ҳолат масъалаи мазкур бояд дар сатҳи ҳукуматҳои Қирғизистону Қазоқистон баррасӣ ва ҳал шавад", - хулоса кардааст эътилоф.

XS
SM
MD
LG