Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Содир Ҷабборов тарҳи қонуни ҷанҷолиро имзо кард


Содир Ҷабборов
Содир Ҷабборов

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон тағйирот ба Қонун "Дар бораи Додгоҳи конститутсиони"-ро имзо кард. Ин тарҳ рӯзи 28-уми сентябр аз сӯи порлумон қабул шуда буд.

Тарҳи нави қабулшуда ба Додгоҳи конститутсионӣ иҷоза медиҳад, ки қарорҳои қабулкардаашро мисли Додгоҳи олӣ бозбинӣ кунад.

Бар асоси иловаи нав ба қонун, меъёрҳои қарорҳои Додгоҳи Конститутсионӣ дар ин ҳолатҳо метавонад бозбинӣ шаванд; агар меъёрҳои Конститутсия иваз шаванд; агар ҳолатҳои нав ошкор гарданд; агар қарори қабулшуда хилофи ахлоқ ва арзишҳои ахлоқӣ, хилофи боварҳои ҷомеаи Қирғизистон бошанд.

Пештар Додгоҳи конститутсионии Қирғизистон ҳақ надошт, ки қарорҳои қабулкардаашро бекор ё иваз намояд.

Тағйир додани қонун "Дар бораи Додгоҳи конститутсионӣ" ташаббуси Содир Ҷабборов буд.

Рӯзи 30-уми июни соли ҷорӣ Додгоҳи конститутсионии Қирғизистон аз рӯи шикояти фаъоли ҷамъиятӣ Олтин Капалова дар мавриди иҷрои қонун "Дар бораи санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ" қарор баровард. Додгоҳ муқаррар кард, ки моддаи 63-уми Кодекси оила ва моддаи 30-уми қонун "Дар бораи санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ" хилофи Конститутсия нестанд.

Бино ба шарҳи Додгоҳи конститутсионии Қирғизистон, ҳангоми расидан ба синни 18 ҳар шаҳрванд ҳақ дорад, ки дар ҷойи "номи падар" номи модарашро нависад.

Баъди ин қарор масъалаи тағйирот ба қонун "Дар бораи Додгоҳи конститутсионӣ" ба миён омад.

XS
SM
MD
LG