Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Амрико буҷаи муваққат қабул шуд, аммо бидуни кӯмак ба Украина


Агар буҷаи муваққат қабул намешуд, бештари кормандони идораҳои давлатӣ ба рухсатии бемузд мерафтанд
Агар буҷаи муваққат қабул намешуд, бештари кормандони идораҳои давлатӣ ба рухсатии бемузд мерафтанд

Маҷлиси намояндагони Иёлоти Муттаҳида барои аз кор намондани давлат буҷети муваққатро ба муҳлати 45 рӯз тасдиқ кард. Агар ин тарҳ қабул намешуд, аз 1-уми октябр кори ҳукумати Амрико мумкин буд, қисман қатъ шавад. Ин ҳолат ба "шатдаун" маъруф аст.

Баҳсҳо бар сари тарҳи буҷаи Амрико дар Маҷлиси намояндагон, ки зери назари ҷумҳурихоҳон аст, тунд буд. Буҷаи муваққат ҳам дар охирон лаҳза бо 335 ройи мувофиқ ва 91 зид қабул шуд. Акнун пеш аз фиристодани лоиҳа барои имзо ба президент, дар Сенат палатаи болоии порлумон овоздиҳӣ анҷом мешавад. Аксарияти курсиҳои Сенат дар ихтиёри ҳамҳизбиҳои президент Ҷо Байден аст.

Кевин Маккарти
Кевин Маккарти

Лоиҳаи буҷаи муваққат барои 45 рӯз пешниҳоди Кевин Маккартти, раиси Маҷлиси намояндагон аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ буд. Вале ин тарҳ кӯмак ба Украинаро дар назар намегирад. Ин чиз ба мавқеи ҷумҳурихоҳон рабт дорад, ки монеи кӯмакҳои зиёд ба Украина ҳастанд. Гурӯҳи ҷумҳурихоҳон, ки аъзои ҳизби назораткунанда дар Маҷлиси Намояндагон ҳастанд, мехоҳанд хароҷоти дохилӣ ва инчунин пуштибонии ИМА аз Украина дар ҷанги давомдораш бо Русия кам карда шавад.

Намояндагони Кохи Сафед эълон карданд, ки раиси ҷумҳур Ҷо Байден ба эҳтимоли зиёд пешниҳоди буҷа муваққатро қабул мекунад. Маъмурияти Байден умед доранд, ки расондани кӯмакҳо ба Украина дертар дар буҷа барқарор мешавад.

Амрико яке аз кумакрасонҳои асосии Украина дар ҷанг зидди Русия аст
Амрико яке аз кумакрасонҳои асосии Украина дар ҷанг зидди Русия аст

Ҷанет Йеллен, вазири молияи Амрико рӯзи ҷумъа гуфт, қисман қатъ шудани кори ҳукумат пешрафти иқтисодии кишвар аз ҷумла барномаҳои пуштибонӣ аз тиҷорати хурд ва нигоҳбини модару кӯдакро бозмедорад. Президент Ҷо Байден ҳам ҳушдор дод, ки “шатдаун” метавонад ба артиши Амрико зарари калон расонад.

Дар сурати қабул нашудани буҷаи нав бештари кормандони идораҳои давлатӣ дар Амрико ба рухсатии бемузд фиристода мешуданд.

Аз соли 1981 дар Амрико 14 ҳолати “шатдаун” ба миён омадааст, аммо бештари онҳо аз ду рӯз зиёд давом намекард. Танҳо охири соли 2018, дар давраи президентии Доналд Трамп “шатдаун” аз ҳама зиёд 35 рӯз идома ёфт.

Гузориш дар ин мавзуъро инҷо тамошо кунед:

Баҳсҳо бар сари қабули буҷаи нав дар Амрико
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG