Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбозони тоҷик бо Криштиано Роналдо бозӣ мекунанд


Акс аз сомонаи Бошгоҳи "Истиқлол"
Акс аз сомонаи Бошгоҳи "Истиқлол"

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе 30-юми сентябр аввалин тамрини худро дар шаҳри Риёз доир намуд. Ин даста 2-юми октябр бозии дувумро дар марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 бо бошгоҳи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ мегузаронад.

Рақобати бошгоҳҳои «Истиқлол» ва «Ал-Наср» рӯзи душанбеи 2-юми октябр дар варзишгоҳи «Ал-Аввал»-и шаҳри Риёз соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 23:00 – ба вақти Душанбе) оғоз меёбад. Довари FIFA Ко Ҳюнг Ҷин аз Кореяи Ҷанубӣ сардовари ин бозӣ таъйин шудааст.

Зимнан, дар ҳайати “Ал-Наср” дурахшонтарин ситораҳои футболи ҷаҳонӣ, ки португолӣ Криштиану Роналду аз ҷумлаи онҳост, бозӣ мекунанд.

Бозии дигари даври дувуми мусобиқот дар гурӯҳи “Е” миёни дастаҳои “Ал-Дуҳайл”-и Қатар ва “Персеполис”-и Эрон 2-юми октябр дар варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифаи шаҳри Давҳа барпо мегардад. Ин бозӣ низ соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 23:00 – ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад.

Баъди натиҷагирии бозиҳои даври аввали мусобиқот дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Ал-Наср” бо се имтиёз дар мақоми аввал аст. “Истиқлол” ва “Ал-Дуҳайл” якимтиёзӣ ба даст овардаанд. “Персеполис” бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.

Аз рӯи натиҷагирии марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастаи нишондодҳояшон хубтари ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо дар ҳар як минтақа, дар маҷмуъ 16 даста, ба 1/8 финал роҳ пайдо мекунанд.

Марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «Е»

Даври 1-ум

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Дуҳайл» (Қатар) – 0:0

19-уми сентябр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 17500 тамошогар.

«Персеполис» (Эрон) – «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – 0:2

Голҳо: Даниал Исмоилифар, 62 – ба дарвозаи худ (0:1). Муҳаммад Қосим Ал-Нахлӣ, 72 (0:2).

19-уми сентябр. Теҳрон, Варзишгоҳи Озодӣ. Бе тамошогар.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «Е»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

1

1

0

0

2-0

3

2

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

1

0

1

0

0-0

1

3

«Ал-Дуҳайл» (Қатар)

1

0

1

0

0-0

1

4

«Персеполис» (Эрон)

1

0

0

1

0-2

0

Бозиҳои “Истиқлол” дар моҳи октябр:

Даври 2-юм

2-юми октябр (душанбе)

Оғози бозӣ – соати 23:00 ба вақти Душанбе

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 3-юм

24-уми октябр (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 21:00 ба вақти Душанбе

«Персеполис» (Эрон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

XS
SM
MD
LG