Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали чоруми Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ


Хайрандеш Муродзода, паҳлавони тоҷик, дар Бозиҳои 19-уми осиёии Ҳангжоу-2022 дар риштаи кураш медали биринҷӣ ба даст овард. Ин чаҳорумин медали Тоҷикистон дар ин бозиҳо ба шумор меравад.

Хайрандеш дар вазни то 66 кило дар даври аввал бар Ҷое Ҳеддод аз Лубнон дастболо шуд. Сипас дар даври чаҳорякниҳоӣ паҳлавони муғул Энхболд Энхтайванро шикаст дод. Вале Муродзода дар нимфинал аз Маҷид Воҳид Бариманлуи эронӣ мағлуб шуда, бо нишони биринҷӣ сарфароз гашт. Зимнан, ин нишони дувуми биринҷии Тоҷикистон дар Бозиҳои осиёии Ҳангжоу-2022 мебошад.

Ҳамин тариқ, се медали Тоҷикистон дар ин бозиҳо ба варзишгарони тоҷик дар риштаи ҷудо ва яктоаш ба кураш марбут аст.

Қаблан Сомон Маҳмадбеков дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ дар риштаи ҷудо дар вазни то 81 кило медали тилло ба даст оварда буд. Темур Раҳимов дар вазни +100 кило медали нуқра гирифт. Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило барандаи медали биринҷӣ шуд.

Дар ҳамин ҳол мунтахаби Тоҷикистон бо касби 4 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) дар байни 36 кишваре, ки дар ин бозиҳо медал гирифтааст, аз рӯи сифати нишонҳо дар ҷои 19-ум ва аз рӯи теъдоди медалҳо дар ҷои 20-ум қарор дорад.

Се паҳлавони тоҷик аз Чин бо медал баргаштанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

Дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳри Ҳангжоуи Чин то рӯзи 8-уми октябр идома меёбад, Тоҷикистонро беш аз 100 варзишгар намояндагӣ мекунад.

Ба барномаи бозиҳо 40 навъи варзиш (28 намуди олимпӣ ва 12 намуди ғайриолимпӣ) дохил аст. Варзишгарони тоҷик дар 18 намуд ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Ба варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ дар Ҳангжоу нишони тилло мегиранд, ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ, барандагони нишони нуқра 100 ҳазор сомонӣ ва соҳибони нишони биринҷӣ 50 ҳазор сомонӣ супурда мешавад.

Инчунин бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар ин бозиҳо барандаи медали тилло мешаванд, хонаи сеҳуҷрадор, медали нуқра – дуҳуҷрадор ва медали биринҷӣ манзили якҳуҷрадор тақдим мегардад.

Бозиҳои тобистонаи осиёӣ шурӯъ аз соли 1951 дар ҳар чаҳор сол таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешаванд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо ширкат варзида, то ҳоло 31 медал гирифтааст, ки 5-тоаш нишони тилло, 7-тоаш нуқра ва 19-тоаш биринҷӣ мебошад. Аз панҷ медали тилло сетоашро Дилшод Назаров дар гурзандозӣ ва як ададро Ҷаҳон Қурбонов дар бокс ва Сомон Маҳмадбеков дар риштаи ҷудо ба даст овардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG