Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабаби таваҷҷуҳи Олмон ба Осиёи Марказӣ чист?


Раҳбарону намояндагони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бо президенти Олмон Франк Валтер Штайнмайер, 29-уми сентябри 2023
Раҳбарону намояндагони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бо президенти Олмон Франк Валтер Штайнмайер, 29-уми сентябри 2023

Нишасти сарони Олмон+Осиёи Марказӣ рӯзи 29-уми сентябр дар шаҳри Берлин баргузор мешавад. Сабаби фаъол шудани Олмон дар Осиёи Марказӣ чист? Штефан Майстер, коршиноси Анҷумани сиёсати хориҷии Олмон дар умури Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ба ин ва чанд суоли дигар посух дод.

- Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ 10 рӯз пеш бо раисҷумҳури Амрико мулоқот карданд. Қабл аз ин, бо раҳбарони Чин ва Иттиҳоди Аврупо чунин мулоқот доштанд. Вохӯрии Берлин чӣ вижагӣ дорад?

- Ин баёнгари тағйироти бузург дар сиёсати Аврупо, аз ҷумла Олмон дар қиболи Осиёи Марказӣ аст. Маълум аст, ки ангезаи он ҷанги давомдор дар Украина аст ва бинобар ин, дар Олмон бар ин назаранд, ки равобит бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд тақвият дода шавад. Олмон аз нигоҳи иқтисодӣ қудрати асосӣ дар Иттиҳоди Аврупо аст ва аз ин рӯ, мо медонем, ки мавқеи Берлин дар иттиҳод аз ҳама муҳимтар мебошад. Омадани панҷ раҳбари минтақаӣ дар шакли нав ба Берлин як рӯйдоди муҳим аст. Ин нишон медиҳад, ки таваҷҷӯҳи геополитикӣ ва геоиқтисодии Иттиҳоди Аврупо ва Олмон ба минтақа меафзояд.

- Оё метавон гуфт, ки Олмон мустақилона вориди рақобати манофеи геополитикӣ ва геоиқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ шудааст?

- Албатта, метавонем. Ҳамеша манфиати геополитикӣ вуҷуд дошт, касе онро рад намекард. Дар шароити ҳозира таваҷҷуҳ ба Осиёи Марказӣ зиёд зоҳир мешавад ва аҳамияти он меафзояд. Манофеи кишварҳои минтақа ҳам ба гуногунсозии робитаҳо бо қудратҳои бузург дар ҳоли афзудан аст. Ҳамин тариқ, мебинем, ки на танҳо кишварҳои бузург мехоҳанд, нуфуз ва ё манфиати худро афзоиш диҳанд, балки раҳбарони минтақа низ талош доранд, ки нуфузи Чин ва Русияро дар минтақа баробар кунанд. Фикр мекунам, ин натиҷаи фаъолияти муштараки раҳбарони минтақа мебошад. Иттиҳоди Аврупо ва Олмон инро хуб дарк мекунанд ва дарҳои ҳамкориро васеъ боз менамоянд. Чунин ба назар мерасад, ки Иттиҳоди Аврупо ва Олмон ниҳоят дарк кардаанд, ки Осиёи Марказӣ як минтақаи дорои аҳамияти стратегӣ аст. Ҳарчанд ин минтақа аз лиҳози ҷуғрофӣ дур аст, дар як қатор масъалаҳои марбут ба манофеи иқтисодӣ, транзитӣ ва тиҷорат бо кишварҳои иттиҳод робитаҳои наздик дорад. Бале, рақобатҳо низ ба монанди талошҳо барои таҳкими муносибатҳо бузург аст. Муҳим ин аст.

- Пас аз оғози ҷанг дар Украина Аврупо аз гази Русия даст кашид. Оё дар чунин вазъ таваҷҷуҳи Олмон ба Осиёи Марказӣ барои ҷустуҷӯи роҳи дигари дарёфти манобеи энержӣ нест? Раҳбари Қазоқистони саршор аз нафт бо сафари давлатӣ дар Берлин аст.

- Албатта, ҳукумати Олмон имкониятҳои гуногунсозии воридоти манобеи энержӣ, пеш аз ҳама газро баррасӣ дорад. На танҳо нафт, балки газ низ муҳим аст. Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба раҳбарии Олмон ва Италия аз гази Русия даст кашиданд. Ҳамзамон, баҳсҳо атрофи лӯлаи Транс-Хазар, ки масирро ба Баҳри Сиёҳ ва Аврупо тавассути Қафқози Ҷанубӣ боз мекунад, шиддат гирифтаанд. Қазоқистон дар ин масъала нақши калидиро мебозад. Он дар интиқоли на танҳо нафт, балки газ низ мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Нафт ва гази Туркманистон низ таваҷҷуҳи Иттиҳоди Аврупоро ҷалб мекунад. Дар баробари ин, вақте сухан дар мавриди истихроҷи маъдан ва сарватҳои зеризаминӣ биравад, кишварҳои дигари минтақа низ муҳиманд. Ҳамин тариқ, Осиёи Марказӣ барои Олмон дар сиёсати гуногунсозӣ шарики муҳим хоҳад шуд.

- Иттиҳоди Аврупо, бахусус Олмон, арзишҳои демократӣ, ҳуқуқи инсон, озодии баён ва волоияти қонунро эҳтиром мекунад. Решаи ин мушкилот дар ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ амиқ аст. Роҳбарони Олмон дар паҳлуи президентҳои худкома, ки се даҳсола боз дар сари қудратанд ва маҳдудиятҳои тасаввурнопазир ҷорӣ мекунанд, то чӣ андоза роҳатанд?

- Ҳоло гуфта наметавонам, ки мулоқот бо раҳбарони худкома ва нишастан дар сари як миз бо онҳо то чӣ андоза роҳат аст. Дар ҷаҳони тағйирёбанда назари прагматикӣ ҳукмфармост. Онҳо наметавонанд бо раҳбарон танҳо барои ин ки худкома ҳастанд, мулоқот накунан. Воқеиятҳо чунинанд. Ҳамзамон мақомоти Олмон наметавонанд вазъи ҳуқуқи башарро дар кишварҳои минтақа шарҳ надиҳанд. Ман бовар дорам, ки Берлин вақте сухан аз озодии баён, маҳдудиятҳои дастрасӣ ба интернет ва озодии баён дар Осиёи Марказӣ биравад, мавқеи фаъолеро касб хоҳад кард. Фикр мекунам, он дар оянда низ иродаи худро дар ин замина боз ҳам пурзӯртар мекунад. Ман инро ҳангоми мулоқот бо сафирони Иттиҳоди Аврупо дар Қирғизистон ва Қазоқистон низ мушоҳида кардам.

Иттиҳоди Аврупо яке аз ҷонибдорони пешбари рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар минтақа мебошад. Олмон дар ин раванд пешсаф аст. Аз ин рӯ, харидани нафту газ ва сарватҳои дигари табиӣ маънои онро надорад, ки ҳуқуқи инсон, озодии баён ва волоияти қонун дар минтақа нодида гирифта мешавад. Мо муносибатҳоро бо раҳбарони минтақа аз нуқтаи назари прагматикӣ тақвият медиҳем ва аз тарафи дигар, дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ низ коҳиш нахоҳад ёфт. Бовар хоҳем дошт, ки ҳар қадаре фаъолиятҳо дар минтақа тавсеа ёбанд, талошҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон низ афзоиш хоҳанд ёфт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG